Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар" ба даври ниманиҳоии мусобиқаи Ҷоми АФК рафт


Дастаи футболи "Регар" ТадАЗ-и Турсунзода дар даври севвуми бозиҳо барои роҳ ёфтан ба мусобиқоти Ҷоми раиси АФК ё Конфедерацияи футболи Осиё бар дастаи "Непал Полис Клаб" бозиро мусовӣ, 2 бар 2 анҷом дод. Сарнавишти роҳхат аз гурӯҳи "А" имрӯз дар бозии "Тайван Поуер Компанӣ" ва ВАПДА-и Покистон ҳал шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи Покистон анҷом ёфт ва "Регар" ба даври ниманиҳоии мусобиқот рафт. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо 5 имтиёз дар сархатти ҷадвал қарор дорад.
XS
SM
MD
LG