Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар сабқати интихобии Ҷоми раиси AФК (Конфедеросиюни футболи Осиё) дар гурӯҳи «А» дар Непал ҷои якумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба даври ниманиҳоӣ гардид.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Тайван Пауэр Компани»-и Тайванро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда, ду бозии дигарро бо ВАПДА-и Покистон бо ҳисоби 0:0 ва «Непал Полис Клаб»-и Непал бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Тими ВАПДА, ки дар бозии охирин бар дастаи «Тайван Пауэр Компани» бо ҳисоби 3:1 пирӯз гашт, чун «Регар» ТадАЗ 5 имтиёз ба даст овард ва таносуби тӯбҳояшон низ баробар (+2) мебошад. Вале «Регар» ТадАЗ, барандаи дукаратаи Ҷоми раиси АФК, ки ду гол бештар задааст (5-3), дар гурӯҳи «А» ғолиб шуд ва ба нимфинал баромад. ВАПДА (таносуби тӯбҳояш 3-1) дар ҷои дуввум қарор гирифт.

Дар сабқати гурӯҳи «В», ки се даста рақобат карданд, тими «Ишқобод»-и Туркманистон нахустин шуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Футболбозони туркман дар бозии охирини гурӯҳи худ бозиро дар шаҳри Дакка бо тими мизбон - «Абахани»-и Бангладеш бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд. Ҳарду даста 4-имтиёзӣ гирифтанд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Ишқобод» ҷои аввалро касб кард.

Бозиҳои гурӯҳи «С» бо ширкати дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Канбавза»-и Мянмар, «Пномпен Краун»-и Камбоҷа ва «Йедзин»-и Бутан аз 14-ум то 18-уми июн дар шаҳри Бишкек барпо мегарданд. Ғолиби ин гурӯҳ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввуми ҳар се гурӯҳ ба даври ниманиҳоии Ҷоми раиси АФК-2009, ки ахири сол доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG