Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди нави Сан Су Чӣ


Генерал Тан Све, раҳбари режими низомии Мянмар (аз тарафи чап) ва раҳбари мухолифини ин режим Сан Су Чӣ (аз тарафи рост)
Генерал Тан Све, раҳбари режими низомии Мянмар (аз тарафи чап) ва раҳбари мухолифини ин режим Сан Су Чӣ (аз тарафи рост)

Мақомоти режими низомии Мянмар раҳбари мухолифинро дар нақзи шароити ҳабси хонагӣ айбдор мекунанд.

Раҳбари мухолифини Мянмар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аунг Сан Су Чӣ, ки 13 сол аз 19 соли ахири зиндагиашро таҳти ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст, рӯзи душанбе ба додгоҳ эҳзор шуд. Дар авоили моҳи равон як шаҳрванди Амрико ба хотири дидор бо Сан Су Чӣ кӯлеро, ки дар назди манзили ӯст, шино карда гузашт. Мақомот ба дунбол ӯро ба нақзи шароити ҳабси хонагӣ, ки мӯҳлаташ мебоист дар поёни моҳи ҷорӣ ба анҷом мерасид, муттаҳам карданд ва қазияро инак ба додгоҳ кашониданд.

Додгоҳи Аунг Сан Су Чӣ дар зиндони Инсейни Янгон, пойтахти собиқи Мянмар, пушти дарҳои баста мегузарад. Атрофи зиндонро симхорпеч кардаанд ва нирӯҳои пулис ҳама роҳҳои ба сӯи маҳалли додгоҳро низ бастаанд. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли як дипломати ғарбӣ навишт, ки мақомоти Мянмар сафирони Олмону Фаронса ва Бритониёро, ки мехостанд ба намояндагӣ аз Иттиҳодияи Аврупо дар ин мурофиа ширкат биварзанд, аз роҳ баргардондаанд. Аммо бо вуҷуди иттихози тадобири шадиди амниятӣ шуморе аз тарафдорони Сан Су Чӣ ба нишони эътироз дар атрофи зиндони Инсейн гирди ҳам омаданд.

Мақомоти режими низомии ҳоким дар Мянмар Сан Су Чӣ, раҳбари мухолифини демократияхоҳро ба нақзи шароити ҳабси хонагӣ муттаҳам мекунанд. Бар асоси ин иттиҳомот, Сан Су Чӣ дар авоили моҳи май ба як шаҳрванди Амрико, ки ба хотири дидор бо ӯ кӯли назди манзилашро шино карда, гузаштааст, иҷозати вуруд ба манзилашро медиҳад.

Чӣ Вин, вакили мудофеъи Сан Су Чӣ, гуфт, муваккилаш қонунҳои марбутаро мутолиа карда, ба ин натиҷа расидааст, ки ягон муқарраротро зери по накардааст. Аммо дар сурати дар додгоҳ ба гарданаш дайн шудани ин иттиҳомот, имкон дорад, ки Сан Су Чӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шавад ва дар ҳар сурат, аз ҳаққи ширкат дар интихоботи чандҳизбии соли оянда, ки баргузориашро мақомоти режими низомии Мянмар ваъда додаанд, маҳрум шавад.

Лигаи миллӣ барои демократияи Сан Су Чӣ дар интихоботи соли 1990 пирӯзии қотеъе ба даст овард, вале мақомоти низомӣ, ки аз соли 1962 ба ин сӯ умури Мянмар, Бирмаи собиқро, дар панҷаи худ маҳкам нигоҳ медоранд, аз таҳвили қудрат ба ин ташаккули сиёсӣ сар печиданд. Кӯтоҳ кардани дасти Сан Су Чӣ аз ширкат дар интихоботи соли оянда як ҳадафи аслии ҳокимони низомии Мянмар номида мешавад ва иқдоми ахири режими низомӣ алайҳи Сан Су Чӣ мавҷи маҳкумиятҳои фарогири байналмилалиро ба бор овард.
Хавйер Солана, раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА, гуфт, ин созмон ба далели таҳти таъқиб қарор додани раҳбари мухолифин рӯи эъмоли таҳримоти шадидтар бар зидди Мянмар андеша мекунад. Ян Коҳоут, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Чех, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, гуфт, кишварҳои узви ИА омодаанд, ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд: “Мо, албатта, омодаем, ки мавзӯъи ташдиди таҳримотро мавриди баҳс қарор диҳем. Аммо пеш аз ҳама аз мақомоти Бирма даъват мекунем, Сан Су Чиро озод кунанд.”

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 15 май ҳолати изтирорӣ дар қиболи Мянмарро тамдид кард ва гуфт, бӯҳрони байни Амрикову Мянмар ҳанӯз рафъ нашудааст. Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон хостори раҳоии нафақат як Сан Су Чӣ, балки куллия маҳбусони сиёсӣ аз зиндонҳои Мянмар шуд: “Мо аз мақомоти Бирма даъват мекунем, ӯро, табиби ӯро ва ҳамин тавр, беш аз 2100 маҳбуси сиёсиеро, ки феълан дар пушти панҷараанд, билофосила ва бидуни қайду шарт аз зиндонҳо раҳо кунанд.”

Ҷон Йеттав, ҳамон амрикоие, ки ин қазияро бар сари Сан Су Чӣ овард, ва ҳамин тавр, ду тан аз мушовирони раҳбари мухолифини Мянмар низ ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Ҷон Йеттав ба нақзи қонуни муҳоҷират ва ба қонуншиканӣ таҳрик додани дигарон муттаҳам мешавад.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар бо ишора ба ин нукта, ки то анҷоми охирин ҳукми ҳабси хонагии шашсолаи Сан Су Чӣ ҳамагӣ чанд ҳафтаи дигар боқӣ монда буд, иқдоми Ҷон Йеттавро ба чолиш кашида, ҳадс мезананд, ки шояд дар паси ин қазия мақомоти низомии Мянмар истодаанд. Онҳо мегӯянд, манзили Сан Су Чӣ ҳамеша таҳти назорати шадид қарор дошт ва ин ки ҳамон рӯз касе самти кӯлро ҳифозат намекард, боварнокарданист.

Пулис дар таҳқиқоташ рӯи ин нукта таъкид мекунад, ки амрикоии шиновар 2 рӯз дар манзили Сан Су Чӣ монд ва пазироии хубе ҳам дид. Сан Су Чӣ аммо мегӯяд, ки аз Ҷон Йеттав билофосила хоста шуда буд, ки манзилро тарк кунад, вале ӯ гуфтааст, ки хеле хаста аст ва тавони кӯлро шино карда, пас рафтанро надорад. Сан Су Чӣ мегӯяд, аз ҳузури ин марди амрикоӣ дар манзилаш мақомотро низ хабардор накард, чунки намехост Ҷон Йеттав дучори мушкилот шавад.

Ивонна, ҳамсари собиқи Йеттав гуфтааст, ки ӯ кадом ҳадафи сиёсӣ надошт, балки ин иқдомаш бештар аз ҳолати нохуби равонии ӯ маншаъ мегирад. Ҷон Йеттав дар моҳи ноябри соли гузашта низ талош карда буд, аз Сан Су Чӣ аёдат кунад, вале ду мушовири сиёсии раҳбари мухолифини Мянмар, ки низ рӯзи душанбе ба додгоҳ эҳзор шуданд, он дафъа ӯро аз роҳ баргардонданд.
XS
SM
MD
LG