Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соҳибкорони Бадахшон мегӯянд, ки муқаррароти нави сафорати Чин дар Тоҷикистон дар мавриди гирифтани раводиди сафар барояшон маҳдудият эҷод намудааст.

Акнун раводид ба соҳибкорон танҳо дар сурати мавҷудияти даъватномаи намоядаи палатаи савдои кишвари ҳамҷавор ва маълумотномаи бонки бо нишондоди на камтар аз 800 доллар дар суратҳисоби соҳибкор дода мешавад.

Аммо ба гуфтаи раиси палатаи савдо ва тиҷорати вилоят Ашурмамад Тирандозов, ин муқаррароти нав ба хотири танзими муносибатҳои тиҷорати амалӣ шудааст ва ҳадафаш он аст, ки ҷониби Чин бештар аз ҳамкорӣ бо соҳибкорон манфиатдор мебошад. Вай баён дошт, ки гузаргоҳи Қулма ҳамчунин барои убуру мурури шаҳрвандони кишварҳои дигар баста мебошад ва он барои манфиатҳои тарафайни тиҷорати хизмат мекунад. Ашур Тирвандозов гуфт, ки соли гузашта теъдоде аз соҳибкорони афғон, ки мехостанд ба Чин сафар кунанд, аз гузаргоҳи марзи пас гардонда шудаанд.

Аммо ба гуфтаи сардори ширкати хусусии нақлиёти Қурбонбек Шералиев, аз ҳафтаи оянда афтобусҳои ширкат ҳафтае як бор дар хатсайри Хоруғ-Қошқар бо мусофирон дар ҳаракат хоҳанд буд. Вай гуфт, ки барори шуруи фаъолият дар ин хатсайр тамоми асноди расми таҳия шуда, танҳо харобии роҳ дар ағбаи Куҳи Тезак монеи амалӣ гаштани он гардидааст.

Дар ҳамин ҳол агарчанде гузаргоҳи марзии Қулма расман 5-уми май боз шудааст, аммо то ба ҳол шумори ками соҳибкорон тавассути он ба Чин сафар кардаанд. Соҳибкорони минтақа бинобар бӯҳрони молиявӣ гирифта натавонистани қарзи бонкӣ ва мушкилоти дарёфти раводидро сабаби дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтани шумори хоҳишмандони сафари тиҷорати ба Чин арзёбӣ мекунанд.

Қаблан соҳибкорони ВМКБ дар форуми ҷумҳуриявӣ ба хотири осон шудани гирифтани раводиди Чин хостори кушода шудани намояндагии вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва ё сафорати Чин дар Хоруғ шуданд. Аммо намояндагии вазорати хориҷаи кишвар, ки дар маркази вилоят ба дунболи ин дархост боз гардид, мегӯянд, ки онҳо фақат салоҳияти расидагӣ ба мушкилоти шаҳрвандоин Чину Афғонистонро доранд.
XS
SM
MD
LG