Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозии даври cевуми сабқати интихобии Ҷоми раиси AФК (Конфедеросиюни футболи Осиё)-ро дар Непал дар гурӯҳи «А» бо дастаи мизбон - «Непал Полис Клаб» бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Ин бозӣ 18-уми май дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд.

Шуҷоат Неъматов, бозигари «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 24-уми дидор ҳисобро боз кард. Пас аз 3 дақиқа Четан Гимире ҳисобро баробар намуд. Маъруф Рустамов дар дақиқаи 46-ум «Регар»-ро пеш баровард. Вале Четан Гимире дар дақиқаи 63-юм голи дувуми худро ба самар расонда, дастаашро аз бохт наҷот дод.

Тақдири роҳхат ба даври ниманиҳоӣ дар бозии охирини гурӯҳи «А» 18-уми май байни «Тайван Пауэр Компани» (Тайван) ва ВАПДА (Покистон) ҳал мешавад.

Дар ҳамин ҳол дастаи «Регар» ТадАЗ бо 5 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «А» дар ҷои аввал аст. «Тайван Пауэр Компани» бо 3 имтиёз дуввум мебошад. ВАПДА ва тими мизбон – «Полис Клаб Непал» бо 2-имтиёзӣ мувофиқан дар зинаҳои севуму чаҳорум ҷойгир шудаанд. Непалиҳо аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум гаштанд. Тайваниҳо танҳо дар мавриди пирӯзӣ дар бозии охирин соҳиби роҳхат ба даври ниманиҳоӣ хоҳанд шуд. Агар бозии охирини гурӯҳ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, ин ба нафъи футболбозони тоҷик аст. Дар сурати пирӯзии покистониҳо ғолиби гурӯҳ аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо байни «Регар» ва ВАПДА муайян хоҳад шуд.

Дар сабқати гурӯҳи «В», ки се даста рақобат карданд, тими «Ишқобод»-и Туркманистон нахустин шуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Футболбозони туркман дар бозии охирини гурӯҳи худ бозиро дар шаҳри Дакка бо тими мизбон - «Абахани»-и Бангладеш бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд. Ҳарду даста 4-имтиёзӣ гирифтанд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Ишқобод» ҷои аввалро касб кард. «Абахани» барои дарёфти роҳхати чаҳорум ҳамчун беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум шонси хуб дорад.

Бозиҳои гурӯҳи «С» бо ширкати дастаҳои «Дордой-Динамо» (Қирғизистон), «Канбавза» (Мянмар), «Пномпен Краун» (Камбоҷа) ва «Йедзин» (Бутан) аз 14-ум то 18-уми июн дар шаҳри Бишкек барпо мегарданд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа се дастаи ғолиби сабқати интихобии гурӯҳӣ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2009, ки ахири сол доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG