Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ санаи тақрибии интихоботро таъйин кард


Додгоҳи Олии Ироқ 30-юми январи соли 2010-ро рӯзи интихоботи порламонии ин кишвар таъйин кардааст. Дар ин бора Холид ал Аттиуллоҳ-муовини раиси порламони Ироқ иттилоъ додааст. Ин сана бино ба дархости раиси порлмон таъйин шудааст. Интихоботи ахири порламонии Ироқ моҳи декабри соли 2005 баргузор шуда буд, вале ин ниҳоди қонунбарор нахустин иҷлоси худро моҳи марти соли 2006 доир кард. Баъзе аз намояндагони порламон тақозо мекарданд, ки эътибори намояндагон тамдид шавад ва онҳо раиси порлмонро маҷбур мекарданд, ки чунин корро аз Додгоҳи Олӣ бихоҳад ва додгоҳ ба ин кор мудохила кунад.
XS
SM
MD
LG