Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон барканор шуд


Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон этибори Избулло Хоҷаев-раиси додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистонро фаро хонд. Ин кор бино ба пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва бо назардошти аризаи Хоҷаев анҷом гирифтааст. Хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд, ки Маҷлиси Миллии порламони Тоҷикистон бино ба пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мақом Маҳкам Маҳмудовро, ки дар мақоми муовини раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ кор мекард, раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон интихоб кардааст. Дар бораи далелҳои барканорӣ аз мақом маълумот дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG