Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври нави музокирот оғоз мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз намояндагони Русияву Гурҷистон даври 5-ӯми музокироти худро роҷеъ масъалаҳои амниятӣ ва башарӣ дар Женева оғоз кунанд. Ҳадаф аз ин музокирот коҳиши таниши миёни ин ду кишвар баъд аз ҷанги кутоҳмуддати соли гузаштаи Гурҷистону Русия арзёбӣ мешавад. Дар ин музокирот Иттиҳодияи Аврупо, САҲА ва СММ миёнҷигарӣ мекунанд. Масъалаи роҳ надодан ба муноқишаи дигари миёни Гурҷистону Русия бар сари минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхозистону Асетияи Ҷанубӣ дар ҷараёни музокирот баррасӣ мешавад. Баъд аз ҷанги моҳи августи соли 2008 ин ду минтақаи ҷудоихоҳи Гуҷистонро Русия ба расмият шинохтааст.
XS
SM
MD
LG