Пайвандҳои дастрасӣ

Лигаи олӣ: Натоиҷи бозиҳои даври ҳафтум


Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 16-ум ва 17-уми май барпо шуданд.

Рӯзи шанбе ду бозӣ сурат гирифт. «Гвардия»-и Душанбе дар майдони худ аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 0:6 шикаст хӯрд. Голҳоро Баҳодур Шарифов (дақиқаҳои 7-ум ва 60-ум), Пирмурод Бурҳонов (65), Ҳусейн Ҷалолов (77, 88) ва Улуғбек Маҳмудов (90, ба дарвозаи дастаи худ) заданд.

ССКА «Помир»-и Душанбе низ дар майдони худ бозиро ба тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:2 бой дод. Капитани «Вахш» Меҳроб Заҳурбеков дар дақиқаи 70-ум ҳисобро кушод. Голи дуввумро Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 90-ум ба самар расонд.

Рӯзи якшанбе низ ду бозӣ барпо шуд. Дидори дастаи мизбон -«Энергетик»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:2 ба поён расид. Бозигари «Равшан» Шералӣ Азизов дар дақиқаҳои 16-ум ва 30-юм ду гол зад. Вале пас аз зарбаи ҳамдастааш Зариф Рустамов дар дақиқаи 66-ум тӯб вориди дарвозаи меҳмонон шуд. Панҷ дақиқа қабл аз хотимаи дидор Шодибек Ғаффоров, бозигари мизбонон, тӯбро ба дарвозаи меҳмонон ворид карда, «Энергетик»-ро аз бохт наҷот дод.

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи меҳмон - «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Нахуст бозигари меҳмонон Одил Эргашев дар дақиқаи 20-ум тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Се голи дигари мизбононро дар нимаи дуввуми дидор Анвар Норқулов (67), Руслан Раҳматов (78) ва Асадулло Бобоҷонов (85) заданд. Як голи «Истиқлол»-ро Самад Шоҳзуҳуров (89) ба самар расонд.

Бозии охирини даври ҳафтум байни «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бинобар ширкати қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми раиси АФК ба 3-юми июн мавқуф гузошта шудааст.

Бад-ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври 7-ум дастаи «Вахш» бо 19 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. «Хуҷанд» бо 16 имтиёз дуввум аст. «Регар» ТадАЗ, «Истиқлол» ва «Парвоз» бо 13-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум ва панҷум ҷойгиранд.

Дастаҳои «Вахш» ва «Парвоз» бохт надоранд, вале CСKA «Помир» ва «Гвардия» бошанд, то ҳоло бурд накардаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 7-ум

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

7

6

1

0

15-5

19

2.

«Хуҷанд»

7

5

1

1

17-6

16

3.

«Регар» ТадАЗ

6

4

1

1

12-6

13

4.

«Истиқлол»

7

4

1

2

13-10

13

5.

«Парвоз»

7

3

4

0

11-5

13

6.

«Спитамен»

6

1

3

2

6-8

6

7.

«Равшан»

7

1

2

4

9-14

5

8.

«Энергетик»

7

1

1

5

12-15

4

9.

CСKA «Помир»

7

0

2

5

6-15

2

10.

«Гвардия»

7

0

2

5

1-18

2



Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») ва Баҳодур Шарифов («Хуҷанд») – 5-голӣ, Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») - 4-голӣ.

Бозиҳои даври 8-ум: 23-уми май – «Равшан» - «Спитамен», «Вахш» - «Парвоз», «Энергетик» - «Гвардия», 24-уми май - «Истиқлол» - «Регар» ТадАЗ, «Хуҷанд» - «ССКА «Помир».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG