Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми раиси AФК (Конфедеросиюни футболи Осиё) дар Непал дар гурӯҳи «А» бар дастаи «Тайван Пауэр Компани» бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Ин бозӣ 16-уми май дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду дар ҳузури 2000 тамошобин баргузор шуд.

Иброҳим Рабимов, бозигари «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 28-уми дидор тӯби ба ҷаримагоҳ ҳавододаи Ҷамшед Исмоиловро ба ҳадаф расонда, ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 79-уми бозӣ Фанг Чинг ҳисобро баробар намуд. Баъди чаҳор дақиқа Маъруф Рустамов муваффақ гашт. Голи севуми қаҳрамони Тоҷикистонро легионер Сардорбек Эминов дар дақиқаи 85-ум ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ дар дақиқаи 16-ум бозигари тайваниҳо Ли По Юан корти сурх гирифт. Понздаҳ дақиқа пеш аз хотимаи дидор боз ду нафар – Ҳасан Рустамов ва Ту Мин Фен – аз бозӣ ронда шуданд.

Бозии дигари гурӯҳи «А» байни дастаи мизбон - «Непал Полис Клаб» ва ВАПДА-и Покистон бо натиҷаи мусовӣ - 0:0 ба анҷом расид.

Баъди бозиҳои даври дуввум дастаи «Регар» ТадАЗ бо 4 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «А» дар ҷои аввал аст. «Тайван Пауэр Компани» бо 3 имтиёз дуввум ва ВАПДА бо 2 имтиёз севум мебошанд. Тими мизбон – «Полис Клаб Непал», ки як имтиёз дорад, дар зинаи охирин қарор гирифтааст. Ҳарчор даста барои ба даст овардани роҳхат ба даври ниманиҳоӣ имкон доранд, бахусус, шонси футболбозони тоҷику тайванӣ хубтар аст.

Имрӯз, 18-уми май, дар даври охирини сабқати гурӯҳи «А» «Регар» ТадАЗ бо дастаи мизбон - «Полис Клаб Непал» ва «Тайван Пауэр Компани» бо ВАПДА қувваозмоӣ мекунанд.

Дар сабқати гурӯҳи «В», ки се даста рақобат карданд, тими «Ишқобод»-и Туркманистон нахустин шуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Футболбозони туркман дар бозии охирини гурӯҳи худ бозиро дар шаҳри Дакка бо тими мизбон - «Абахани»-и Бангладеш бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд. Ҳарду даста 4-имтиёзӣ гирифтанд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Ишқобод» ҷои аввалро касб кард. «Абахани» барои дарёфти роҳхати чаҳорум ҳамчун беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум шонси хуб дорад.

Бозиҳои гурӯҳи «С» бо ширкати дастаҳои «Дордой-Динамо» (Қирғизистон), «Канбавза» (Мянмар), «Пномпен Краун» (Камбоҷа) ва «Йедзин» (Бутан) аз 14-ум то 18-уми июн дар шаҳри Бишкек барпо мегарданд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа се дастаи ғолиби сабқати интихобии гурӯҳӣ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2009, ки ахири сол доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG