Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешравии нерӯҳо ба пойгоҳҳои Толибон


Нерӯҳои амниятии Покистон мегӯянд, ки бо ҷангҷӯёни Толиб дар ҳошияи шаҳри шимолуғарбии Мингора, шаҳри аслии Водии Свот, вориди даргирии шадиде шудаанд. Мақомоти расмӣ аз сокинони боқимонда дар ин шаҳр хостаанд, агар тавонанд, ин шаҳрро тарк кунанд. Артиши Покистон рӯзи якшанбе гуфт, баъди пешравии сарбозонаш ба шаҳри Мингора, ки бовар меравад, Толибони зиёде дар он паноҳ мебаранд, даргирии пуршиддате миёни ду тараф сурат гирифтааст. Нерӯҳои давлатӣ ҳамчунин барои маҳви Толибон ба шаҳрҳои Матта ва Канҷу ворид шудаанд. Раҳмон Малик – вазири умури дохилаи Покистон гуфт, аз замони оғози амалиёт дар се ҳафтаи пеш, бештар аз 1000 ҷангҷӯи Толиб кушта шудааст. Ташхиси дурустии ин иттилоъ мушкил аст ва ҳамчунин иттилоъе доир ба ҳалокати ғайринизомиён нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG