Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин раиси ҷумҳури зан дар Литва


Далия Грибаускайте- кумиссионери умури буҷаи Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Литва пирӯз шудааст. Грибаускайтеи 53 – сола нахустин зане хоҳад шуд, ки ба мақоми раҳбарии Литва мерасад. Вай пирӯзиашро баъди он эълом кард, ки натиҷаҳои тақрибан ниҳоии интихоботи рӯзи якшанбеи Литва нишон дод, ки Далия Грибаускайте – 69 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, 51 дар сади мардум дар раъйдиҳӣ ширкат варзидаанд, аз ин хотир ҳоҷат ба баргузории даври дуввум нест. Далия Грибаускайте, ки ҳамчун номзади мустақил дар интихоботи ширкат кард, ваъда додааст, ки бо таҷрибааш дар арсаи низоми молӣ, ба Литва кӯмак хоҳад кард, то бӯҳрони иқтисодиро паси сар намояд.
XS
SM
MD
LG