Пайвандҳои дастрасӣ

Даври панҷуми гуфтӯгуи Русияву Гурҷистон


Интизор меравад, ки имрӯз намояндагони расмии Русия ва Гурҷистон даври панҷуми гуфтӯгуҳояшон доир ба амният ва кӯмакҳои башариро ифтитоҳ кунанд. Ин нишастро як саъйе барои коҳиши таниш миёни ду кишвар медонанд, ки моҳи августи соли гузашта бо ҳам ҷангиданд. Музокироти дурӯза дар шаҳри Женева бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Созмони Милал баргузор мешавад. Ҳадаф аз ин гуфтӯгуҳо ҷилавгирӣ аз эҳёи муноқиша бар сари манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ аст, ки ҳарду ин минтақаро Русия баъди ҷанг бо Гурҷистон дар моҳи август, ба ҳайси кишвари мустақил эътироф кардааст.
XS
SM
MD
LG