Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 12 тоҷик дар марзи Афғонистон


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, 14 нафар сокинони ноҳияи Ашти ин кишвар, ғайриқонунӣ ба қаламрави Афғонистон ворид ва аз тарафи марзбонони он кишвар дастгир шудаанд. Бино ба иттилоъи хабаргузории давлатии “Ховар”, ду хонавода, ки дар миёни онҳо занону кӯдакони ноболиғ ҳам будаанд, рӯзи 1-уми май рӯдхонаи Панҷро убур карда ва вориди Афғонистон шудаанд. Хабаргузории “Ховар” мегӯяд, ду узви ин гурӯҳ фирор кардаанд ва бақияи онҳоро мақомоти интизомии Афғонистон бозпурсӣ мекунанд. Сабабҳои чунин амалкарди ду хонавода аз ноҳияи Ашт маълум нест. Тайи даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон чунин ҳодиса мушоҳида нашудааст, ҳарчанд марзшиканӣ аз тарафи Афғонистон зиёд сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG