Пайвандҳои дастрасӣ

Сахттарин кори раиси ҷумҳур Барак Обама


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, эъзоми сарбозони изофӣ ба Афғонистон ба суръат ва рушди як ҳукумати демократӣ дар ин кишвар вобаста хоҳад буд. Дар мусоҳибае бо маҷаллаи амрикоии “Нюсвик” Барак Обама гуфтааст, сахттарин коре, ки баъди омаданаш ба сари қудрат кард, ҳамин имзои амри фиристодани 17 ҳазор сарбози тозанафас ба Афғонистон буд, ки қарор аст, ба 38 ҳазор нафар ҳамхидматонашон бипайванданд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико, ӯ эъзоми нерӯҳои бештар ба Афғонистонро сарфи назар намекунад. Аммо гуфтааст, Барак Обама танҳо бо афзудани сарбозон, наметавон, ба ин минтақа субот овард.
XS
SM
MD
LG