Пайвандҳои дастрасӣ

Зукоми хук ба Туркияву Ҳинд ҳам расид


Мақомоти Туркия ва Ҳиндустон эълом карданд, ки дар ин кишварҳо ҳам нахустин мавориди сирояти бемории зукоми хук сабт шудааст. Ин бемории кушанда то кунун дар 38 кишвари дунё мушоҳида шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Ҳинду Покистон, тамоми мубталоёни ин беморӣ дар кишварҳояшон, аз Амрико омадаанд. Шаҳри ғарбии Кобе дар Ҷопон ҳам эълом кард, ки чанде аз макотиби шаҳрро барои як ҳафта мебандад, зеро дар инҷо ҳам ҳашт нафар ба бемории зукоми хук гирифтор шудаанд. Бар асари ин беморӣ, ки омехтаи вирусҳои зукоми хук, инсон ва мурғ аст, то кунун 70 нафар, аз ҷумла 65 нафар дар Мексика ҳалок шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG