Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги пуршиддат бо ҷангҷӯёни Толиб


Артиши Покистон гуфт, баъди ҳаракати нерӯҳояш ба яке аз такягоҳҳои муҳими Толибон дар шимолуғарби кишвар байни ду тараф “ҷанги пуршиддате” сурат гирифтааст. Ба гуфтаи артиш, сарбозон ба шаҳрҳои Матта ва Канҷу, воқеъ дар ҳошияи шаҳри аслии Водии Свот шаҳри Мингора ворид шудаанд. Амалиёт ба зидди Толибонро артиши Покистон се ҳафта пеш шурӯъ кард, чун ин тундравон барои тақвияти нуфузи худ то ба 100 километрии шаҳри Исломобод – пойтахти Покистон наздик омаданд. Рӯзи якшанбе вазири умури дохилаи Покистон гуфт, аз оғози ҷанг то кунун бештар аз 1000 ҷангҷӯи Толибро нобуд карданд, ҳарчанд ташхиси дурустии ин иттилоъ мушкил аст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, бар асари ин ҷангҳо тақрибан як миллион нафар дар Покистон овора шудаанд.
XS
SM
MD
LG