Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори ходимони полис дар Афғонистон


Дар ҷануби Афғонистон дар пайи ҳамлаи ҷангиён ва таркиши бомбаҳои сарироҳӣ 11 ходими полис ва як сарбози артиши ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Вазорати дохилаи Афғонистон гуфт, ки шаш афсари полис дар натиҷаи шабехуни ҷангиёни Толибон ба посгоҳи полисе дар вилояти Ҳилманд кушта шуданд. Чанд соат баъд дар ҳамлаи дигари ҳамсоне дар вилояти Нимрӯз панҷ афсари дигар ба ҳалокат расиданд. Ҷангиёни савори мотосикл бо истифода аз силоҳ ва норинҷакҳо ба дарвозаи посгоҳи полис ҳамла карда баъдан вориди сохтмон шуданд. Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки як бомбаи сарироҳӣ дар наздикии корвони артиши Афғонистон дар вилояти Зобул мунфаҷир шуд ва дар натиҷа як нафар кушта ва се тани дигар захм бардоштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG