Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимоли пирӯзии зане дар интихоботи Литва


Имрӯз эҳтимол аст аксар мардуми Литва барои нахустин бор як занро ба мақоми раиси ҷумҳурӣ баргузинанд. Тибқи назарсанҷиҳои пешазинтихоботӣ шонси хонум Далиа Грубаускайте, комиссионери Аврупо дар умури буҷа барои бурдан дар интихобот хеле баланд аст. Дар сурати пирӯзӣ вай барои мӯҳлати панҷсола Валдас Адамкус, раҳбари кунунии Литваро иваз мекунад. Барои роҳ надодан ба даври навбатии раъйдиҳӣ дар таърихи 7 июн барои Грубаускайте кофист, ки 50 дар сади раъйи мардумро ба даст оварад. Имрӯз баъди иштирок дар интихобот Далиа Грубаускайте дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт:

"Ман хеле зиёд умедворам, ки мардум барои ояндаи худ овоз хоҳанд дод ва ман ба тасмими шаҳрвандони Литва бовар ва эътимод дорам".


Грубаускайте 53 сол дорад ва ӯ танҳо баъди он розӣ шуд, ки номзадиашро дар интихобот пешбарӣ кунад, ки моҳи июн дар муқобили парлумони кишвараш намоишҳои эътирозӣ аз амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ сар зад. Паёмадҳои бӯҳрон дар қаламрави Аврупо бештар аз ҳама ба иқтисоди се давлати назди Балтик - Литва, Латвия ва Эстония зарба задааст.
XS
SM
MD
LG