Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиёни Шри-Ланка силоҳро замин гузоштанд


Дар нақли қавл аз як сухангӯи ҷудоихоҳони Шри-Ланка хабар дода шуд, ки ситезаҷӯёни Бабрҳои Томил ҷангро бо нирӯҳои мусаллаҳи ҳукумат хотима медиҳанд. Як сомонаи интернетии пуштибон аз ин гурӯҳи мусаллаҳ дар нақли қавл аз Селвараса Патманатан навиштааст, ки ҷудоихоҳон тасмим гирифтанд, ки силоҳро замин гузоранд. Президенти Шри-Ланка Маҳинда Раяпакса рӯзи шанбе аллакай шаҳди пирӯзӣ чашида эълон кард, ки артиш бар ҷангиён пирӯз шуд. Муқовиматҳои ҷудоихоҳони Бабрҳои Томил, ки хостори ташкили давлати мустақили иборат аз ақаллияти томил мебошанд, 25 сол давом кард. Дар ин муддат беш аз 70 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва муқовиматҳои ҳукумат бо ҷудоихоҳон ҳамчун тӯлонитарин низоъҳои замонавӣ дар қитъаи Осиё арзёбӣ шуд.
Хабарнигорон мегӯянд, ки дар паи эътирофи мағлубияташон хатари ин мавҷуд аст, ки ҷангиён даст ба амалиёти бомбгузориву ташкили ҳамлаҳои маргталабона зананд. Дар давоми чандин моҳи охир дар минтақаи шимолушарқи Миянмар дар маҳалли даргириҳои артиш ва ҷангиён даҳҳо ҳазор мардуми осоишта муҳосира шуда буданд. Ва субҳи имрӯз сухангӯи артиш гуфт, ки ҳамаи мардуми осоишта наҷот ёфтанд.
XS
SM
MD
LG