Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обамаву Медведев моҳи июл мулоқот мекунанд


Кохи Сафед гуфт, ки дар таърихи 6-8 июли имсол Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико аз Маскав, чун як бахш аз силсиласафари ҷаҳонии худ дидан мекунад. Дар мулоқот бо президенти Русия Дмитрий Медведев қарор аст ба масъалаи коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ва роҳҳои ҳамкорӣ дар бахши дифои мушакӣ тамаркуз шавад. Барномаҳои ИМА барои истиқрори сипари зиддимушакӣ дар қаламрави Аврупои Шарқӣ равобити ҳарду ҷонибро сард кардааст, чунки Русия мегӯяд, ки ин барнома ба амнияти миллии кишвараш таҳдид мекунад. Амрико батаъкид мегӯяд, ки сипари зиддимушакӣ алайҳи кишварҳои мисли Эрон хатарзо равона шудааст.
Баъди боздид аз Русия Обама ба Итолиё барои ширкат дар нишасти G8, яъне ҳашт кишвари сарватманди ҷаҳон равона мешавад ва баъдан роҳи қитъаи Африқоро пеш хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG