Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ирсоли нирӯи бештарро ба Афғонистон зарур намедонад


Раиси ҷумҳурии ИМА Барак Обама гуфт, ки ҳама тасмим оид ба ирсоли нирӯҳои бештари амрикоӣ ба Афғонистон аз ҷараёнҳои мӯътадилшавии вазъ ва пешрафтҳо дар самти демократикунонии ҳукумати ин кишвар бастагӣ дорад. Дар мусоҳиба бо маҷаллаи амрикоии Newsweek Обама гуфт мушкилтарин коре, ки ӯ аз замони дар моҳи январ қудрат омаданаш кардааст, ин судури амри ирсоли 17 ҳазор сарбози бештари амрикоӣ ба Афғонистон будааст. Ин сарбозон дар канори 38 ҳазор сарбози то ҳол мустақаршуда хизмат хоҳанд кард. Обама гуфт, ки имкони ирсоли нирӯҳои бештарро ба Афғонистон аз назар соқит намекунад, аммо ба андешаи вай танҳо афзункунии шумори нирӯҳо наметавонад боиси барқарории эътидол дар минтақа шавад.
XS
SM
MD
LG