Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу роҳи Вашингтонро пеш гирифт


Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу имрӯз бо як сафари расмӣ роҳии ИМА шуд. Қабл аз сафари Нетаняҳу вазири дифои ҳукумати Исроил гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд дар мулоқот бо мақомоти Амрико нахуствазир ба азсаргирии музокироти сулҳ бо фаластиниҳо ба хотири ташкили давлати мустақили Фаластин ризоият диҳад. Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил гуфт, ки ба эътимоди вай дар давоми се соли оянда тавофуқи сулҳе ҳосил хоҳад шуд. Аммо Нетаняҳу то ҳамин охирҳо ба ин роҳҳале, ки ҳамзистии ду давлати мустақили Фаластину Исроилро дар назар мегирад, мухолифат кардааст. Аз ин ақида бештар ИМА ба унвони ҳадафи ниҳоии ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна пуштибонӣ мекунад. Қарор аст Нетаняҳу рӯзи душанбе дар Вашингтон бо Барак Обама, раиси ҷумҳурии ИМА мулоқот кунад. Дар ин мулоқот инчунин баррасии масъалаи Эрон ва барномаи ҳастаии ин кишвар низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG