Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Су Чӣ барои дифоъ аз худ дар додгоҳ омода аст


Вакили дифои раҳбари маъруфи оппозитсиюни Миянмар Аунг Сон Су Чӣ баъди боздиди ӯ дар боздоштгоҳи Янгон гуфт, ки сиҳҳатии вай хуб буда вай барои ҳимояти худ дар мурофиаи додгоҳии рӯзи душанбе пурра омода аст. Вакил дирӯз имкон дошт, ки тӯли як соат бо раҳбари мухолифини Миянмар хонум Су Чӣ дар зиндон, ки як ҳафта инҷониб нигаҳдорӣ мешавад, мулоқот кунад. Баъди он ки як марди амрикоӣ ба таври пинҳонӣ вориди манзили Су Чӣ шуд, ӯро барои вайрон кардани муқаррароти ҳабси хонагӣ ба зиндон андохтанд. Дар сурати гунаҳгор дониста шуданд ӯ эҳтимолан вайро барои панҷ сол равонаи зиндон кунанд. Мунаққидон мегӯянд, ки нигаҳдории вай дар маҳбас ба манфиати мақомот аст, ки мехоҳанд соли 2010 интихобот доир кунанд. Аунг Сон Су Чии 63-сола як раҳбари демократии мухолифони Миянмар мебошад, ки барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел шудааст. Вай 19 соли охир дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG