Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳёбии занон ба парлумони Кувайт


Натиҷаҳои расмии интихоботи Кувайн ҳокист, ки барои нахустин бор дар таърихи парлумони ин кишвари ғанӣ аз нафти арабӣ чаҳор зан узви маҷлиси қонунгузор шуданд. Парлумон аз 50 курсӣ иборат буда, дар интихобот барои гирифтани ҷое дар парлумон 16 зан рақобат карданд. Ин барои бори сеюм аст, ки занон номзадии худро дар интихобот пешбарӣ мекунанд. Тибқи қонуни соли 2005 бознигаришудаи Кувайт ҳоло занон дар ин кишвар аз ҳуқуқи баробари шаҳрвандӣ бо мардон бархӯрдор шудаанд, вале то ҳол ҳама талошҳояшон барои роҳ ёфтан ба парлумон бенатиҷа будааст. Интихоботи парлумонии Кувайт баъди он баргузор шуд, ки амири Кувайт шоҳ Сабоҳ Ал-Аҳмад Ассабоҳ моҳи марти имсол баъди мухолифатҳои зиёди миёни аъзои маҷлис ва ҳайати ҳукумат, ки аз ҷониби хонаводаи амир таъин мешавад, парлумонро пароканда карда ба баргузории интихобот амр дод.
XS
SM
MD
LG