Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми кушоиши Сангтӯда-1 то август мутаваққиф шуд


Ахиран агрегати чаҳоруми нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба кор андохта шуд. Манбае дар мақомоти ин нирӯгоҳ дар сӯҳбат бо Интерфакс гуфтааст, ки ифтитоҳи расмӣ ва маросими ба истифода додани нирӯгоҳ тахминан ба моҳҳои августи имсол таъин шудааст. То он замон изҳори умедворӣ мешавад, ки нирӯгоҳ бо тамоми қудраташ (дар ҳаҷми 670 мегаватт) ба кор андохта шуда, зербиноҳои зарурии кӯмаккунанда ба кори нирӯгоҳ низ то он замон пурра сохта тамом мешавад. Бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда-1, ки саҳҳомдори аслии он Русия мебошад, чаҳор соли пеш шурӯъ шуда буд ва қаблан дар назар буд, ки кори пурраи нирӯгоҳ дар рӯзи 15 май дар паи маросими ифтитоҳи он бо ширкати раҳбарони Русияву Тоҷикистон - Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон оғоз хоҳад шуд. Як сабаби ба таъхир афтодани расми кушоиши нирӯгоҳ дар қарзи Тоҷикистон дар баробари Русия гуфта мешуд, ки тибқи баъзе арзёбиҳо 10 миллион долларро ташкил медиҳад ва то имрӯз сару садоҳое дар сатҳи мақомоти Тоҷикистон ва Русия ба гӯш мерасад, ки гӯё ин қарз аллакай пардохт шуда бошад. Вале то ҳанӯз ба таври рӯшан ҳеҷ як аз ҷонибҳо дар ин замина изҳороте надодаанд.
Арзиши сохтмони Сангтӯда-1 720 миллион доллар баровард шуда интизор меравад, ки соле дар ин нирӯгоҳ 2,7 миллиард киловатт соат барқ тавлид шавад. Сангтӯда-1 бар фарози рӯдхонаи Вахш дар 200-километрии ҷануби Душанбе бунёд мешавад.
XS
SM
MD
LG