Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Конгресс - ғолиби интихоботи Ҳинд


Дар интихоботи парлумонии Ҳинд Ҳизби ҳокими Конгресси ин кишвар пирӯз шуд. Дар ҳоле, ки натиҷаҳои охир ҳанӯз ҳисобу китоб мешавад, ҳоло маълум аст, ки 260 курсии парлумон дар ихтиёри аъзои ин эътилоф гардид. Вале ин рақам ҳамоно аз 272 раъи аксари парлумон камтар мебошад. Гурӯҳҳои аслии мухолифин, бо шумули Ҳизби Бҳаратия Ҷаната ва Фронти Сеюм аллакай мағлубияти худро эътироф карданд. Нахуствазир Манмуҳан Синҳ гуфт, ки раъдиҳандагон ба эътилофи таҳти раҳбарии ӯ рисолати азиме додаанд. Вай гуфт:

"Мардуми Ҳинд мавқеи худро баён карданд ва ин мавқеъ хеле рӯшан ва мушаххас аст".

Ҳоло Ҳизби Конгресс бояд бо ҳизбҳои хурди узви дигари парлумон вориди музокирот шаавад, то ин ки то таърихи 2 июн ҳукумати нави Ҳиндро ташкил ва муаррифӣ кунад.
XS
SM
MD
LG