Пайвандҳои дастрасӣ

11 кушта дар Пешавари Покистон


Полиси Покистон гуфт, ки бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар Пешавари Покистон дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Полис гуфт, ки бомба ҳангоми аз назди як истгоҳи мошинҳо убур кардани автобуси мактабӣ дар минтақаи серодами Қалқали ин шаҳр инфиҷор кард. Дар миёни қурбониҳо инчунин чаҳор кӯдак низ будааст. Таркиши мазкур дар ҳоле рӯй дод, ки низомиёни покистонӣ дар бораи наздик омадани артиш ба шаҳри аслии водии Свот, 120-километрии шимолушарқи Пешавар хабар доданд. СММ мегӯяд, ки дар пайи даргириҳои охир беш аз як миллион нафар маҳалҳои зисти худро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG