Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз мухолифатҳои Русия изҳори таассуф кард


ИМА аз пеш омадани рахнае дар музокираҳо барои тамдиди ҳузури нозирони байналмилалии сулҳ дар Гурҷистон бо сабаби мухолифатҳои Русия изҳори таассуф кардааст. Ян Келлӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи ҷумъа гуфт, ки ИМА аз вазъи баамаломада амиқан нигарон аст ва аз Маскав тақозо кард, ки мавқеашро дар ин замина бознигарӣ кунад. Мухолифатҳои Русия барои тамдиди мӯҳлати ҳузури нозирони сулҳ боиси он мешавад, ки ҳайати ин созмони аврупоии масъули масоили амниятиву ҳуқуқи башар дар Гурҷистон танҳо то 30 июн дар ин қаламрав хоҳад монд. Русия хостори эътирофи байналмилалии ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба ҳайси кишварҳои мустақил мебошад. Аммо бо ин талаб на Гурҷистон ва на аъзои САҲА розӣ нестанд.
XS
SM
MD
LG