Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии ҳамҷинсгароҳо дар Маскав пароканда шуд


Полиси Русия ҳамоиши ғайримуҷози аққалиятҳои ҷинсиро дар Маскав, соатҳо пеш аз баргузории даври ниҳоии озмуни Eurovision-2009 пароканда кард. Полис ба гурӯҳи тақрибан 30-нафараи ҳамҷинсгароҳо, ки аз поймолшавии ҳуқуқи худ дар Русия эътироз мекарданд, ҳамла карда онҳоро пароканда ва бархе дигарро вориди автобусе карда ба ҷои номаълум интиқол дод. Тибқи гузоришҳо, дар миёни боздоштшудаҳо Николай Алексеев, раҳбари ҷумбиши ҳамҷинсгароҳо низ будааст. Питер Тетчел, як фаъоли ҷумбиши аққалиятҳои ҷинсӣ дар Бритониё дар заминаи худдорӣ варзидани намояндаҳои ин гурӯҳ аз ширкат дар гирдиҳамоиҳои ошкоро гуфт:

"Ҳар қадар нафарони бештари маъруф ба ҳамҷинсгароиашон аз худ дарак диҳанд, ҳамон қадар зудтар мешавад табъизу қолабҳоро аз байн бурд".

Дар як тазоҳуроти дигаре, ки соатҳо пеш аз ҳамоиши аққалиятҳои ҷинсӣ дар Маскав ташкил шуд, тақрибан 50 нафар ба нишони маҳкумият ва адами тарафдорӣ аз ҷумбиши ҳамҷинсгароҳо раҳпаймоӣ карданд. Як нафари онҳо бо исми Михаил Налимов гуфт:

"Мо мехоҳем эътирози худро бо лаҳни шадид баён кунем ва бигӯем, ки кӯшиши анҷоми як амали террористии ахлоқиро дар шакли як раҳпаймоии ҳамҷинсгароҳо рад мекунем. Мо мухолифи инем, ки ба мардуми мо, ба кишвари мо арзишҳои барои фарҳанги мо бегона бор шавад".

Дар гузашта ҳам мақомоти Маскав дар баргузории расмии раҳпаймоии аққалиятҳои ҷинсӣ мухолифат кардаанд.
XS
SM
MD
LG