Пайвандҳои дастрасӣ

Ихтирои Хуршед Худойбердиев, як унвонҷӯи тоҷик, барои хоҳишмандон имкон медиҳад, ки талаффузи садоии ҳама гуна матни тоҷикиро тариқи комютер бишнаванд.

Хуршед Худойбердиев, унвонҷӯи Донишгоҳи техналогии Тоҷикистон, тавонистааст ҳангоми се соли таҳсил рисолаи илмии худро доир ба ҷорӣ сохтани матни тоҷикӣ тариқи садо дар хотираи компютер ҳимоя кунад. Ба гуфтаи Хуршед, ҳарчанд то имрӯз барномаҳои луғавии тоҷикӣ истифода мешуданд, вале ворид кардани матни садоии тоҷикӣ бори нахустин аст. Хуршед ҳамчунин афзуд, барои расидан ба ҳадаф ӯ чандин марҳиларо пушти сар кардааст.

Унвонҷӯи тоҷик мегӯяд, барномаи ихтироъ кардаи ӯ 3259 ҳиҷоро дар бар гирифта қабл аз ҳама барои нафарони сустбин пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин хоҳишмандони омӯзиши забони тоҷикӣ низ метавонанд аз ин барнома истифода намоянд. Аз барномаи тартибдодаи Хуршед Худойбердиев аллакай муддати ним сол аст, ки дар ҷамъияти нобиноёни кишвар кор бурда мешавад. Вай барои хоҳишмандон иттилоъ дар бораи барномаи таҳиякардаи худро дар сомонаи tajik-tts.narod.ru ҷой додааст.

Латофат Иззатуллоева, раҳбари кор бо кӯдакони ҷамъияти нобиноёни кишвар, бо ишора ба аҳамияти ин барномаи таъминотӣ мегӯяд, то имрӯз барои нафарони маҳрум аз қувваи босира омӯхтани компютер бинобар надонистани забонҳои русиву англисӣ кори мушкил буд ва ихтирои олими ҷавони тоҷик барои онҳо омӯзиши компютерро осон мекунад.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ихтирое, ки аз ҷониби унвонҷӯи тоҷик сурат гирифтааст, барои Тоҷикистон иқдоми тоза аст. Аммо худи Хуршед Худойбердиев гуфт, танҳо бо ҳимояи ҳамин рисолааш иктифо намекунад. Дар ҳоли ҳозир Хуршед дар садади ироаи асноди тасдиқи номзадии ӯ барои улуми физикаву риёзиёт ба Маскав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG