Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои хориҷӣ: дӯст ё душман?


Дар Тоҷикистоне, ки расонаҳояш дар қиёс бо расонаҳои хориҷӣ "қашшоқ" ҳастанд ва аз баррасии мавзӯъҳои, ба қавле, хордори сиёсиву иҷтимоӣ ба далели ҳифз кардани худ парҳез мекунанд, ҳузури расонаҳои хориҷӣ фаъол арзёбӣ мешавад.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, дар ин маврид ба дастдарозии расонаҳои хориҷӣ ишора мекунад. Вай мегӯяд, ин расонаҳо, ки аз давлати Тоҷикистон бастагии молӣ надоранд, бе сензура аз он интиқод ва мушкили сокинонро ба риштаи баҳс мекашанд.

Ба ин маънӣ, ҷаноби Қаршибоев аз расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки гоҳу бегоҳ ба “иғвоангезӣ”-ву хидмат ба “хоҷагони хориҷӣ” муттаҳам мешаванд, пуштибонӣ карда, ин ҳамаро нотавонбиние беш намедонад: “Ҳар нафаре, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунад ва ҳам онҳое, ки ман мешиносам, аз мансабдорони мо Тоҷикистонро бештар дӯст медоранд. Ба андешаи ман, нигоҳи танқидӣ доштани ин ё он нафар маънии онро надорад, ки ватанашро дӯст намедорад. Баръакс, назари танқидӣ як муттаҳаррикест, ки барои пеш рафтани ҷомеъа мусоидат мекунад. Ва агар ҳама ба лофзанӣ машғул шаванду аз камбудҳо чашм пӯшанд, пас, ҷомеа ба бӯҳрон фурӯ меравад”.

Тибқи иттилоъи расмӣ, то ба ҳол 24 расонаи хориҷӣ дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, ки бештари онҳо аз Русия намояндагӣ мекунанд. Давлат Назрӣ, сухангӯйи вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба фаъолияти расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон баҳои мусбат дода, мегӯяд, то кунун ҳузури онҳо мояи нигаронӣ набудааст, бо вуҷуди он ки ба гуфтаи ӯ, бархе аз онҳо дар баррасии баъзе аз масоили Тоҷикистон воқеъбинона баҳогузорӣ намекунанд: “Мо аз бисёр ҷиҳат аз фаъолияти онҳо қаноатманд ҳастем, ки ҳамеша бо иттилои саривақтии худ метавонанд ба мо кӯмак кунанд. Чунки дар бисёр кишварҳо иттилоъ дар бораи Тоҷикистонро аз ин расонаҳо пайдо мекунанд. Аз ин лиҳоз ҷонибдорӣ он ҳастем, ки ҳатто сохторҳои давлатӣ бо ин расонаҳо ҳамкории хубе дошта бошанд”.

Аммо Давлат Назрӣ аз он изҳори ташвиш мекунад, ки бархе аз расонаҳои хориҷӣ бидуни қайде дар Тоҷикистон матолиби бардурӯғро нашр ва пахш мекунанд. Соли гузашта дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ иқдом карда буд, ки ниҳоди вижае барои вокуниш ба ҳамалоти иттилоотии расонаҳои хориҷиро таъсис хоҳад дод, аграчӣ ба қавли масъулони дафтари раёсатҷумҳурӣ ин марказ то ҳанӯз таъсис наёфтааст.

Ҳар нафаре, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунад ва ҳам онҳое, ки ман мешиносам, аз мансабдорони мо бештар Тоҷикистонро дӯст медоранд. Нигоҳи танқидӣ доштани ин ё он нафар маънии онро надорад, ки ватанашро дӯст намедорад ...
Вале ахиран рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” иқдом кардааст, ки мавзӯоти мавриди назари расонаҳои хориҷиро баррасӣ карда, ба қавле дӯсту душмани ҳукумати Тоҷикистонро муаррифӣ кунад, ки исми “Мавҷи Олмон”, BBC, Радиои Озодӣ ва “Сентразия.ру” дар қатори авваланд. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон мегӯянд, иллати аслии рахна дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ва номуассир воқеъ шудани расонаҳои дохилӣ ва давлатӣ дар он аст, ки расонаҳои дохилӣ ниёзи ҷомеа ба ахбори рӯзро бароварда намесозанд.

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи русизабони “Азия-плюс” агарчӣ таъсири расонаҳои русӣ ба Тоҷикистонро сарфи назар намекунад, аммо наметавонад аз маҳбубият ва маъруфияти Радиои Озодӣ ва BBC ҳам чашм пӯшад. Вай мегӯяд, ин ду расонаи хориҷӣ ба забони тоҷикӣ хабару таҳлилҳоеро нашр мекунанд, ки расонаҳои дохилии Тоҷикистон дар баёни он дасти кӯтаҳе доранд: “Ин ду радио, ки ман ҳоло ишора кардам ва хабаргузориҳои дигар онҳо дар чорчӯбаи меъёрҳои байнулмилалӣ кор мекунанд. Онҳо сензураи камтар доранд ва ончиро, ки расонаҳои дохилӣ намегӯянд, мегӯянд. Бо вуҷуди ин, фикр намекунам, ки расонаҳои хориҷӣ фақат ба танқиди давлат машғул бошанд. Онҳо зиндагии воқеӣ дар Тоҷикистонро тасвир мекунанду тамом”.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон, низ беш аз ҳама ба касбияти расонаҳои хориҷӣ таъкид мекунад. Вай сомонаи интернетии Радиои Озодӣ ва BBC-ро аз расонаҳои хориҷии мӯътамад дар Тоҷикистон медонад, ки матолиби хабарнигорони онҳо ҳар ҳафта саҳифаи рӯзномаҳои тоҷикизабонро “зеб” медиҳанд. Вай мегӯяд, ин расонаҳо баръакси сукути расонаҳои дохилӣ бештар садо баланд мекунанд ва аз ҳар воқеъае, ки дар Тоҷикистон мегузарад, чашм намепӯшанд. Хуршеди Атовулло мегӯяд, шояд чунин имкони маъруфият ва таъсиргузориро расонаҳои дигар ҳам дошта бошанд, аз ҷумла расонаҳои марбут ба Эрон. Аммо ба гуфтаи ӯ, то кунун онҳо ё ин имконро истифода накардаанд ё натавонистаанд истифода кунанд.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, аксари масъулони давлатӣ ба ҳузур ва фаъолияти расонаҳои хориҷӣ бо назари шубҳа менигаранд. Яъне, ба назари масъулони давлатӣ, ҳукумат бояд ба манзури таъмини амнияти иттилоотӣ ба рушди расонаҳои миллӣ ва мустақил кӯмак кунад, вагарна Тоҷикистон таҳти таъсири расонаҳои хориҷӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG