Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди Русия ва ИА дар семоҳаи аввал ақиб рафтааст


Иқтисоди Русия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба семоҳаи пешин 23 дарсад ақиб мондааст. Хадамоти федеролии омори давлатӣ гуфтаанд, ин натиҷаи коҳиши тавлидоти санъатист, ки бӯҳрони молии ҷаҳонӣ сабаб шудааст. Бино ба маълумоти ин манбаъ, даромади нохолиси миллӣ дар семоҳаи ахир 9,5 дарсад коҳиш ёфтааст, ки он аз соли 1995 ба ин сӯ назир надорад. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, дар семоҳаи аввал рушди иқтисоди 16 кишвари узви ин иттиҳодия 2,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG