Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ал-Бародаӣ аз густариши ҷаҳони ҳастаӣ


Муҳаммад ал-Бародаӣ, раиси Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ ҳушдор додааст, ки дар ояндаи наздик аз 10 то 20 кишвар тавони эҷоди аслиҳаи ҳастаиро ба даст хоҳанд овард.

Дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Гардиан" Муҳаммад ал-Бародаӣ, раиси Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ гуфтааст, бо назардошти меъёрҳои кунунии маҳдудияти густариши аслиҳаи ҳастаӣ муқаррароти Паймони манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ таҳти хатари нокомӣ қарор дорад. Оқои Бародаӣ гуфтааст, агар қудратҳои ҳастаӣ дар роҳи халъи силоҳи ҳастаӣ гом барнадоранд, шуморе аз кишварҳои тавонои ҳастаӣ метавонанд аслиҳаи ҳастаии худро дар чанд соли оянда бештар аз ду баробар афзоиш диҳанд. Вай гуфтааст, дар шароити кунунӣ дар ҷаҳон кишварҳои зиёде ҳастанд, ки агар бихоҳанд, метавонанд дар зарфи чанд моҳ аслиҳаи ҳастӣ бисозанд.

Раиси Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ, ки дар ояндаи наздик мӯҳлати раёсаташ ба поён мерасад, ба "Гардиан" гуфтааст, густариши аслиҳаи ҳастаӣ дар кишварҳои Ховари Миёна масъалаи хеле ҷиддӣ ба назар мерасад ва он ба бомби коргузоштае шабоҳат дорад, ки шумори вақт шурӯъ шудааст.

Оқои ал-Бародаӣ 11 сол раҳбарии Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ-ро бар ӯҳда дошт ва қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ ин мақомро тарк кунад. Ҳоло кишварҳои ҳастаӣ ҷадал мекунанд, то касеро барои ҷойгузинии оқои Бародаӣ пайдо кунанд. Ин мақом назорат бар аслиҳаи ҳастаӣ дар ҷаҳонро бар ӯҳда хоҳад дошт. Оқои Бародаӣ дар ҳафтаҳои ахир, дар ҳоле, ки мудирияти ин Оҷонс дар ҷустуҷӯи раиси нави худ аст, дархост кард, ки Паймони манъи густариши аслиҳаи ҳастӣ бознигарӣ шавад.

Паймони манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ дар солҳои авҷи ҷанги сард ба тасвиб расид ва ҳадафи он роҳ надодан ба эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ дар кишварҳои дигар буд. Панҷ кишвари дорои аслиҳаи ҳастӣ истисно дониста мешуданд. Марҳилаҳои баъдии ин паймон халъи силоҳи ҳастӣ ва истифодаи сулҳомези энержии ҳастаӣ ба шумор мерафт. Аммо паймони мазкури байнулмилалӣ дар чанд соли ахир фарогири Ҳиндустону Покистон ва Кореяи Шимолӣ нашуд. Гузашта аз ин, ин ақидаҳо вуҷуд дорад, ки Исроил дастикам 40 сол боз дорои аслиҳаи ҳастӣ будааст, вале онро эълон намекунад. Як моҳи пеш Муҳаммад ал-Бародаӣ гуфт, вай хушбин аст, ки Барак Обама, раисҷумҳури нави Амрико ва Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия дар роҳи коҳиши аслиҳаи ҳастаии кишварҳои худ қадамҳои мусбат мебардоранд.
XS
SM
MD
LG