Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 афсари чечен дар ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуданд


Як бамгузори машкуки интиҳорӣ дар шаҳри Грозний-пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия ду афсари пулисро ба қатл расондааст. Ин ҳодиса дар назди вазорати дохилаи Чеченистон рух додааст. Руслан Алханов-вазири умури дохилаи Чеченистон гуфт, бозрасон талош доранд шахсияти ин ҳамлакунандаро дақиқ кунанд. Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ду марди ношинос талош доштаанд дар назди бинои вазорат аз посгоҳ бигзаранд. Вақте, ки афсари пулис барои нигоҳ доштани онҳо қадам пеш гузоштааст, яке аз афроди ношинос худро мунфаҷир сохтааст. Ду афсари пулис кушта, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG