Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 7 нафарро бо ҷурми ҳамдастӣ бо «Ҳизбуттаҳрир» аз се солу ҳафт моҳ то нӯҳ солу ҳафт моҳӣ равонаи зиндон кард.

Имсол ин барои бори аввал пайравони «Ҳизбуттаҳрир» ҳабс мешаванд ва додгоҳ мегӯяд, бо назардошти даст кашидани онҳо аз «Ҳизбуттаҳрир» нисбаташон ҳукмҳои сабук содир кардааст. Вале ба назари вакилони дифоъ, нафарони зерҳимояашон, ки ҳамдастии онҳо бо «Ҳизбуттаҳрир» дар додгоҳ исбот нагашт, ҳукмҳои ноодилона гирифтанд.

Исо Таваккалов, додраси додгоҳи Хуҷанд, раиси мурофиаи парвандаи ин афрод зимни эълони ҳукм гуфт, ки мутобиқи бандҳои 187 ва 307–и Асноди ҷиноии Тоҷикистон, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва даъвати ошкоро барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори қонунии Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳ Пулод Рустамов - ба 3 солу 7 моҳ, Рустам Ҳоҷибоев - ба 8 сол, Мурод Рустамов - ба 8 солу 8 моҳ, Баҳридин Ашуров, Абдувалӣ Холмирзоев ва Аҳад Исмоилов - ба 9 солӣ, Хуршед Йулдошев - ба 9 солу 7 моҳ ба дар зиндони низомаш сахт бо манъи фаъолият дар ташкилотҳои динӣ дар муддати 5 соли баъди ҳабс маҳкум шуданд.

Додрас Таваккалов дар сӯҳбати бидуни микрофон афзуд, ки ҳукми додгоҳро нисбати маҳкумшудагон нисбат ба аъмоли ҷиноии онҳо нармтар меҳисобад. Ба гуфтаи вай, дар зимни мурофиаи додгоҳӣ ҳамаи 7 нафари маҳкумшуда худро раҳгумзада ҳисобида, аз пайвастани худ ба «Ҳизбуттаҳрир» сидқан изҳори пушаймонӣ карданд ва додгоҳ дар эълони ҳукм инро ба назар гирифт.

Вале вакилони дифои нафарони маҳкумгашта ба ин ақидаи раиси мурофиа розӣ нестанд ва ҳукми додгоҳро нисбати нафарони таҳти ҳимояташон сахт меҳисобанд. Аъзам Усмонов, вакили дифои Пулод Рустамов – сокини 54 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, додгоҳ зерҳимояи ӯро ноҳақ равонаи зиндон кард. Ба гуфтаи вай, зерҳимояаш танҳо як маротиба, он ҳам дар шаби Қадри моҳи Рамазон дар ҷамъомади гурӯҳи маҳкумгашта иштирок намуда, мазмуни суханрониҳоро низ дар ёд надорад. Вале дигар мавориди гӯиё дар манзилаш бо иштироки аъзои «Ҳизбуттаҳрир» баргузор намудани маҳфилҳо дар додгоҳ тасдиқ нашудааст. Бо ин вуҷуд додгоҳ, алорағми он ки додситон ба Пулод Рустамов 3 соли ҳабс пешбинӣ намуд, ҳабс ба муҳлати 3 солу 7 моҳро раво донист.

Боздошти ин афрод дар авохири моҳи сентябри соли гузаштаи 2008 сурат гирифта буд. Ба маълумоти додгоҳ, дар зимни ҷустуҷӯ дар манзили бархе аз маҳкумшудагон варақаву адабиёти мансуб ба «Ҳизбуттаҳрир» кашф ва мусодира шудааст . Бозбинии додгоҳӣ моҳи марти равон шурӯъ гардид .

Дар ду соли ахир барои бори аввал чунин гурӯҳи калони аъзои «Ҳизбуттаҳрир» ба додгоҳ кашида шуд . Бар пояи маълумоти расмӣ, аз соли 2007 фаъолияти «Ҳизбуттаҳрир» дар минтақаи шимолии Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳода, дар ду соли гузашта ҳудуди 20 тан аз мансубини он боздошт шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG