Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе, дар осорхонаи ҷумҳуриявии оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ, конфронси байналмилалии «Гуфтугуи фарҳангӣ тавассути мусиқӣ» баргузор шуд.

Дар он оҳангсозону овозхонони машҳури Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони сафорати Бритониё ширкат карданд. Ин конфронсро бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон баргузор кардаанд. Мавзӯъҳои ин конфронс гуногун буданд ва бештар дар атрофи муаррифии потенсиали Тоҷикистон дар робитаҳои фарҳангӣ мечархиданд. Ба гуфтаи Мунира Шаҳидӣ, тавассути мусиқӣ метавон фарҳанги Тоҷикистонро дар дигар кишварҳо муаррифӣ кард. Ба гуфтаи вай, ҳоло мардуми дигар кишварҳо ташнаи шунидани мусиқии тоҷикиянд ва имрӯз метавон тариқи ҳамин гуфтугуи фарҳангӣ тавассути мусиқӣ ин имкониятро ба мардум муҳайё кард.

Давлатманди Хол, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз баргузории чунин конфронс истиқбол кард ва гуфт, тавассути чунин конфронсҳо метавон бо фарҳанги мардуми дигар кишварҳо низ ошно шуд.

Дар даҳ соли ахир ин севумин чунин конфронси байналмилалист.
XS
SM
MD
LG