Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон 1700 нафар зиндониро озод мекунад


Имрӯз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон зимни як суханронии телевизионии худ эълон кард, ки тақрибан 1700 нафар зиндониён, аз ҷумла 29 шаҳрванди хориҷӣ, аз зиндонҳо раҳо мешаванд. Ин кор дар чаҳорчӯбаи афви умумӣ анҷом мегирад. Дар бораи ин афв ҷузъиёти бештар пахш нашудааст. Шумораи зиндониён дар Туркманистон маълум нест, вале гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ин кишвар зиндониёни сиёсӣ низ ҳастанд. Туркманистон ҳар сол ҳазорон нафар зиндониёнро озод мекунад ва бад-ин тартиб нишон медиҳад, ки ин кишвар ба адолату демократия эҳтиром мегузорад.

XS
SM
MD
LG