Пайвандҳои дастрасӣ

Масъалаи оби Осиёи Марказӣ ҳал мешавад?


Шӯрои Ҷаҳонии Об омода аст дар таҳияи пешниҳодҳо барои ҳали масъалаҳои баҳсбарангези оби Осиёи Марказӣ гурӯҳи корӣ ташкил диҳад. Луи Фашон-раиси Шӯрои Ҷаҳнии Об дар Тошканд ба рӯзноманигорон гуфт, агар кишварҳои Осиёи Марказӣ бихоҳанд, ки коршиносони ин шӯро бо назардошти таҷрубаи байналмиллалӣ таҳқиқоту мутолеъоте анҷом диҳанд, шӯро омода аст коршиносонро ба ин кор ҷалб кунад. Луи Фашон гуфт, онҳо бо ҷониби Ӯзбекистон ба тавофуқ расидаанд, ки дар моҳи июн метавонанд гурӯҳеро ташкил диҳанд, то ин гурӯҳ масоили муҳими минтақаиро биомӯзад ва пешниҳодҳои заруриро барои ҳали масъалаҳои баҳсбарангези об омода созад. Оқои Фашон гуфт, аз пешниҳоди Роберт Зулик-раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди анҷоми таҳқиқоти мустақили байналмиллалӣ роҷеъ ба сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ комилан ҳимоят мекунад. Ин дар ҳолест, ки Ӯзбекистон бо Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ ихтилоф дорад.

XS
SM
MD
LG