Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони СҲШ ҳамкориҳои минтақаиро баррасӣ карданд


Имрӯз вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Маскав ҳамкориҳои минтақаиро бо ҳам баррасӣ карданд. Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон узви ин созмон мебошанд. Вазирон масъалаҳои мавриди баррасӣ дар мулоқоти раҳбарони созмонро баррасӣ карданд. Онҳо ба мулоқоти раҳарон пешниҳод карданд, ки ба Белорус ва Шри Ланка мақоми тарафи ҳамкор дар музокирот дода шавад. Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар ин бора гуфт:

"Кишварҳо барои ҳамкорӣ бо ин созмон алоқа нишон медиҳанд. Дар ҳамин авохир, бо назардошти ин мо мақоми наве муаррефӣ кардем-мақоми тарафи ҳамкор дар музокирот бо Созмони Ҳамкории Шанхай. Имрӯз баъд аз баррасии дархостҳои марбута мо ба тавофуқ расидем, ки додани чунин мақом ба Белорус ва Шри Ланкаро ба мулоқоти раҳбарон пешниҳод кунем".

Қарор аст мулоқоти раҳбарон 15-16-ӯми июн дар Екатеринбурги Русия баргузор шавад. Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар поёни мулоқоти вазирон бо онҳо дидор ва гуфтугӯ кард.

XS
SM
MD
LG