Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба варзишҳои бостонии зӯрхонаӣ ва мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар гузориши нахусти мо дабири кулли Федеросиюни байналмилалии варзишҳои бостонӣ Сайид Амири Ҳусайнӣ ва дабири кулли Федеросиюни миллии варзишҳои бостонии зӯрхонаии Тоҷикистон Абдусалом Раҷабов дар бораи вазъи варзишҳои бостонӣ нақл мекунанд.

Сипас ба шунавандагон дар бораи натоиҷи бозиҳои даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бо ширкати 10 даста ҷараён дорад, маълумот медиҳем. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо сармураббии дастаи «Истиқлол» Салоҳиддин Ғафуров.

Дар дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон ҳоло 9 легионер ҳунарнамоӣ мекунанд. 7 нафари онҳо аз Ҷумҳурии Узбакистон буда, 6 нафарашон – дарвозабон Илҳом Ҳамзаалиев, ҳимоятгарон Баҳриддин Абдуллоев ва Виталий Канаков, нимҳимоятгарон Ғайрат Абдураззоқов ва Фурқат Пӯлодов, ҳамлагар Ҷамшед Мирабдуллоев дар дастаи ҷадиди «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ва нимҳимоятгар Сардорбек Эминов дар тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозӣ мекунанд. Ҳамлагар Чарлз Накути, аз Гана, имсол ба ҳайати ССКА «Помир»-и Душанбе шомил шудааст. Футболбози эронӣ Ҳамид Қамбарӣ бошад, ҳоло дар дастаи «Гвардия»-и Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад. Бо ин ҳамлагари 27-сола мо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа пас аз бозии «Вахш» ва «Гвардия» ҳамсӯҳбат шудем ва ин мусоҳиба ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG