Пайвандҳои дастрасӣ

Гелонӣ: Артиш ба "Толибон" зарбаи ҷонкоҳ зад


Сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ изҳор намуд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ба мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” зарбаи ҷонкоҳ задаанд. Ба иттилоъи расмӣ, фақат шабонарӯзи гузашта дар задухурдҳо дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон 50 тан аз мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” кушта шуданд. Ҳамзамон Юсуф Ризо Гелонӣ, зимни суханронӣ дар парлумон, ба зарурати кумаки оҷил ба садҳо ҳазор мардуми минтақаи ҷангу ҷидолро таркнамуда таъкид кард. Ӯ гуфт, ки ҳукумат мехоҳад ба хотири ҷамъоварии маблағ барои паноҳандагон конфаронс доир намояд. Ӯ ҳамчунин аз мардуми Покистон хост, ки ба афроди беҷошуда кумак намоянд.
Ба иттилоъи Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон, то имрӯз минтақаи даргириҳоро 834 ҳазор сокинони осоишта тарк намуданд. Онҳо ба сафи 500 ҳазор нафаре пайвастанд, ки соли гузашта аз водии Свот фирор карда буданд. Раҳбари Комиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон Антониу Гутерриес низ ахиран изҳор намуд, ки паноҳандагон аз Свот ба кумаки оҷили ҷомеъаи ҷаҳонӣ ниёз доранд:
Артиши Покистон амалиёти густарда алайҳи мусаллаҳони мухолифи ҳукумат дар водии Свотро баъди он шурӯъ кард, ки толибон созиши оташбас бо нерӯҳои ҳукуматиро поймол карданд.
XS
SM
MD
LG