Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми хук сабаби бастани се мактаби Ню Йорк шуд


Дар шаҳри Ню Йорк бар асари хуруҷи маризии зукоми хук ё H1N1 се мактаб баста шуд. Ба иттилоъи мақомоти беҳдоштӣ, як корманди мактаб бо вазъи сангин ба бемористон интиқол ёфт. Табибон мегӯянд, ки дар як теъдод толибилмон нишонаҳои маризӣ мушоҳида шудааст ва ташхиси онҳо идома дорад. Дар Мексика, ки зукоми хук он ҷо пайдо шудааст, бар асари ин маризӣ аллакай беш аз 50 нафар аз олам даргузаштаанд.
XS
SM
MD
LG