Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи мурофиаи додгоҳии хабарнигорон мушаххас шуд


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, аз эълони рӯзи мурофиаи додгоҳии ду хабарнигори дар Кореяи Шимолӣ боздоштшуда истиқбол кард ва гуфт, ки сарнавишти онҳо оқибат рушан мешавад. Мақомоти Кореяи Шимолӣ эълом доштанд, ки бозрасии парвандаи хабарнигорони кореятабори амрикоӣ Юна Ли ва Лора Линг рӯзи 4 июн шурӯъ хоҳад шуд. Хабарнигорон дар “аъмоли душманона” ва дар “вуруди ғайриқонунӣ ба Кореяи шимолӣ” муттаҳам мешаванд. Юна Ли ва Лора Линг 17 марти соли равон дар ҳоле боздошт шуданд, ки дар бораи рӯзу рӯзгори фирориён аз Кореяи Шимолӣ дар Чин барои телевизион гузориш таҳия мекарданд. Вошингтон иттиҳом алайҳи хабарнигоронро тақаллубӣ мехонад.
Ахиран Институти байнулмилалии матбуот бо пахши як изҳорот хостори раҳоии хабарнигорони кореятабори амрикоӣ шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Пхенян даъват карданд то ба Теҳрон пайравӣ намояд, ки ахиран Роксана Собирӣ, хабарнигори эронитабори амрикоиро аз маҳбас озод кард.
XS
SM
MD
LG