Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳо аз ҳабси раҳбари мухолифини Мянмар


Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз эълони айбномаи нав ба Аун Сан Су Чжи, раҳбари мухолифини демократии Мянмар, сахт нигаронанд. Гордон Браун, сарвазири Бритониё дар ин робита гуфт, ки ҳукумати низомии Мянмар барои тамдиди мӯҳлати ҳабси хонагии Аун Сан Су Чжи баҳона меҷӯяд. Раҳбари мухолифини Мнямар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи 19 сол боз дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва мӯҳлати ҳабси ӯ ҳамин моҳ хатм мешавад.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Аун Сан Су Чжи ва ду зани ҳамроҳи ӯ барои халадор кардани низоме маҳкум мешаванд, ки тибқи он, ҳар шаҳрванди кишвар дар бораи дар манзилаш шабро рӯз кардани фарди хориҷӣ бояд ба мақомот хабар диҳад. Қаблан дар бораи боздошти як шаҳрванди Амрико иттилоъ расида буд, ки бо сабаби номаълум бо Аун Сан Су Чжии 63-сола дидору гуфтугӯ кард.
Аз интиқоли Аун Сан Су Чжи ба маҳбас ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо низ изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG