Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нетаняҳу аз Попи Рум хост Эронро маҳкум кунад


Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, аз Попи Рум Бенедикти 16 хост, ки алайҳи ҳамлаҳои лафзии зиддисроилии раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод садо баланд кунад. Раҳбари ҳукумати Исроил ва Попи Рум мулоқоти хоса доштанд ва, тибқи хабарҳо, дар ҷараёни ин мулоқот рушан шуд, ки онҳо дар мавриди мушкилоти Ховари Миёна назари воҳид доранд.
Попи Рум дирӯз дар шаҳри Назарет, воқеъ дар Каронаи ғарбии руди Урдун, маросими ниёиш баргузор кард. Тибқи ривоятҳо, айёми наврасии Исои Масеҳ дар ҳамин шаҳр сипарӣ шудааст. Дар маросими ниёиш даҳҳо ҳазор нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG