Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутаввақиф шудани як музокироти муҳим


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз эълом кард, ки музокирот доир ба идомаи ҳузури нозирони сулҳи созмон дар Гурҷистонро муттавақиф кардааст. Мара Маринакӣ - раиси Шӯрои доимии созмон, гуфт, пас панҷ моҳи музокироти пуршиддат ҳоло зарур аст, то “бингарем, ки чӣ даст ёфтаем”. Ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз соли 1992 дар Гурҷистон мустақар шуданд, вале баъди ҷанги кӯтоҳи Гурҷистон бо Русия дар моҳи август, Русия нагузошт, то ҳузури нозирон баъди анҷоми маъмурияташон дар моҳи декабр идома дода шавад. Русия ҳамчунин рӯзи 13-май пешниҳоди нави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин заминаро напазируфт. Ин созмон дар Гурҷистон 20 нозир дорад, вале маъмурияти онҳо охири моҳи оянда ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG