Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гордон Браун "амиқан нороҳат" шудааст


Гордон Браун – нахуствазири Бритониё гуфт, аз иттиҳоми нав ба зидди Аун Сан Суу Куӣ – раҳбари мухолифини тарафдори демократия дар Мянмар “амиқан нороҳат” шудааст. Пештар аз ин Аун Сан Суу Куиро ба нақзи муқаррароти зиндони хонагӣ муттаҳам кардаанд. Муҳокимаи вай рӯзи душанбе 18 май шурӯъ мешавад. Субҳи имрӯз, Аун Сан Суу Кии 63-соларо, ки барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аст, барои эъломи иттиҳом аз хонааш ба зиндон бурданд. Ӯ, ки ба зиндони хонагӣ маҳкум шудааст, 19 сол боз ҳаққи баромадан аз хонаашро надорад. Сан Суу Куиро барои пинҳонӣ ба хонааш ворид шудани як шаҳрванди Амрико муттаҳам мекунанд. Ин мард, ки сабабҳои вурудаш ба манзили пешвои мухолифини Мянмар маълум нест, боздошт шудааст. Имрӯз ҳудуди 60 нафар аз табъидиёни Мянмарӣ дар назди сафорати ин кишвар дар шаҳри Токио раҳпаймоӣ карда ва хостори озодии ӯ шуданд.
XS
SM
MD
LG