Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе тайиноти додгоҳи ноҳияи Синоро бекор карда ва хостори баррасии дубораи даъвои Масъуд Собиров, раиси аз суи вазорати адлия эътирофшудаи Ҳизби демократии Тоҷикистон шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Сино қаблан даъвои Масъуд Собировро аз болои Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲД ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, дар мавриди муовини раиси ҲДТ муаррифӣ кардани худаш қонеъ накарда буд.

Тибқи тасмими додгоҳи шаҳри Душанбе, акнун додгоҳи ноҳияи Сино муваззаф аст, дар ҳайати дигаре даъвои Масъуд Собировро, ки мегӯяд, Раҳматулло Валиев ҳаққи сухангӯӣ аз номи раёсати ҲДТ-ро надорад, баррасӣ кунад. Масъуд Собиров, мегӯяд, чандин санадеро дар даст дорад ва ба додгоҳ пешниҳод кардааст, ки Валиев дар онҳо ба унвони муовини раиси ҲДТ имзо гузоштааст.

Раҳматулло Валиев, ҷавобгар
Аммо Раҳматулло Валиев, агарчанд ин иқдомро талоши шахсии Масъуд Собиров медонад, ҳамчунин мегӯяд, ки иллати дубора пас аз ду моҳ рӯ овардани додгоҳ ба ин масъала ба чанд омили дигар низ вобаста мебошад. Ӯ мегӯяд, наздик шудани интихоботи порлумонӣ ва фаъол шудани гурӯҳҳои сиёсӣ дар остонаи интихобот дар ростои манофеъи бархе гурӯҳҳои бонуфуз намебошад, ва аз ин хотир доман задан ба ихтилофоти дохили ҳизбӣ шеваи муборизаи ҳамин гурӯҳҳо мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ахиран аз фаъол будани худ бо пешниҳоди «Барномаи зидди буҳронӣ дар Тоҷикистон» хабар дода буд. Зимнан, ин ҳизб танҳо ҳизб ё ташаккули сиёсӣ аст, ки то кунун барномаи зидди бӯҳронии худро муаррифӣ ва ба ҳукумат пешниҳод кардааст.

Аммо дар гузашта низ додгоҳи дигаре дар шаҳри Душанбе дар як соли пеш Саъидҷафар Исмновро бо бастани сад сомонӣ ҷарима аз сухан гуфтан чун раиси ҲДТ маҳрум карда буд.

Аммо ҲДТ танҳо ҳизбе нест, ки дучори хилофу шикоф дар суфуфи худ шуда бошад. Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон низ қабл аз он дудаста шуда буд. Яке бо сардории Мирҳусейн Назриев ва дигаре бо сардории Абдуҳалим Ғаффоров, ки вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи дувумиро ба расмият шинохт. Имкони зуҳури рахна дар сафи ҲСДТ низ чанд навбат бо канорагирии муовини раис ва аъзои раёсати он пеш омад, аммо мунҷар ба чанд даста шудани ин ҳизб то кунун нашудааст.

Масъулини аҳзоби сиёсӣ дар пеш омадани чунин вазъе умдатан мақомот ва ё ҳизби ҳокимро манфиатдор медонанд ва ангушти ишораашон аслан сӯи онҳост. Ҳикматулло Сайфулозода, мудири шуъбаи таҳлилии ҲНИТ мегӯяд, мақомоти манфиатдор ба ин васила мехоҳанд шиддат гирифтани бозиҳои сиёсиро дар интихобот коҳиш диҳанд. Ин таҳлилгарон имкони бо муҷарради наздиктар шудани интихобот афзоиши дасткории бештар дар умури аҳзоби сиёсиро баъид намедонанд.

Аммо таҳлилгарони мустақил, агарчанд ин далоилро рад намекунанд, мегӯянд, иллати аслии ихтилофу парокандагӣ дар суфуфи аҳзоби сиёсӣ надоштани пойгоҳи ақидатии собит, манфиатҷӯии аъзо ва бӯҳрони роҳбарӣ дар ин ҳизбҳост. Сайидаҳмад Қаландаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, воқеъан набуди лидерҳои сиёсӣ дар парокандагии ҳизбҳо, ба ҷиноҳҳо ҷудо шудани онҳо мушоҳида мешавад.

Аммо ихтилоф дар сафи ҲДТ қазияе нест, ки имрӯз ё ба истилоҳ бо дасти гурӯҳҳои манфиатдори феълӣ эҷод шуда бошад. Ихтилоф ва парокандагӣ аз як соли баъди ташкили ин ҳизб дар соли 1991, то кунун ҳамсафари ҲДТ будааст. Таркиши бузурги дуввум дар ҲДТ дар соли 1994 ба вуқуъ пайваст, ки ин ҳизб ба ду ҷиноҳ, ҷиноҳи Теҳрон ва ҷиноҳи Алмаато тақсим шуд. Ҷиноҳи Алмаато аз ҳамроҳӣ бо муқовимати мусалаҳона пуштибонӣ кард ва ҷиноҳи Теҳрон ба нируҳои мухолифин ҳамроҳ нашуд.

Чолиши барҷастаи дигар ҳам барои ин ҳизб зиндонӣ шудани раиси он Муҳаммадрӯзӣ Искандаров буд, ки ба дунболи он гурӯҳе дар ин ҳизб хостори таъсиси ҷиноҳ шуданд ва баъдан ҳам бо даъвати анҷумани фавқуллода Масъуд Собировро ба унвони раиси ҳизб интихоб карданд. Вазорати адлияи Тоҷикистон, баъди он ки ҲДТ бо раҳбарии Муҳаммдарӯзи Искандаров, интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим кард, ҷиноҳи Масъуд Собировро ба расмият шинохт. Ва то кунун моҷарои ин ҳизб идома дорад. Ва коршиносон мегӯянд, ҳамчунон идома хоҳад кард. Бархе ҳам эътиқод доранд, ки рисолати ҳизбе ки дар муқобили ҳизби Ҳокими коммунисти вақт таъсис шуда буд, шояд сар омадааст.
XS
SM
MD
LG