Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихобкунандагон ва интихобшудагон


Абдулазизи Восеъ, як сокини ноҳияи Файзобод, ки чор сол боз намояндаи худ дар парлумонро надидааст, мегӯяд, ба ваъдаву талошҳои вакилони мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон бовар надорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, вакилон то замони интихоб шуданашон ба ин мансаб бо қишрҳои мухталифи ҷомеа сӯҳбат ва дидор мекунанд, аммо пас аз интихоб шуданашон фаромӯш: “Вакилон барои соҳиб шудан ба курсӣ дар парлумон талош мекунанд ва дар баъзе маврид ваъдаҳои афсонавӣ ҳам медиҳанд. Аммо дар давоми панҷ соли вакилияшон дигарбора бо мардум рӯбарӯ намеоянд ва аз мушкили онҳо намепурсанд”.

Абдулазиз мегӯяд, дар сурати рӯбарӯ омадан бо ин вакилони мардумӣ мушкили муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро матраҳ хоҳад кард. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба зиндагии муҳоҷирону хонаводаи онҳо ҳам бетаъсир намондааст: “Чизи дигар ин аст, ки мехостам аз онҳо пурсам, дар парлумон ба чӣ кор машғуланд. Ба ҷуз чанд тарҳе, ки ҳукумат барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон мефиристад. Чунки то ҳоло эҳсос накардаам, ки вакилон мушаххасан аз сокинон пуштибонӣ карда бошанд”.

Намояндагони мардумӣ дар парлумон ҳам мегӯянд, ин дафъа дар дидори “анъанавӣ”-яшон, ки баъд аз паёми раисиҷумҳур ба Маҷлиси Олӣ сурат мегирад, ба баҳси шадиди интихобкунандаҳои худ рӯбарӯ шудаанд. Муҳиддин Кабирӣ, вакили мардумӣ дар порлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки то кунун бо сокинони Турсунзодаву Ҳисор ва Исфараву Истаравшан дидор кардааст, мегӯяд, интихобкунандаҳо дигар шунаванда нестанд, яъне ба он чӣ ки вакилон мегӯянд, дигар қаноат намекунанд. Ба қавли ҷаноби Кабирӣ, аксари интихобкунандаҳо ин дафъа ба мавзӯъи интихоботи навбатии парлумонӣ, ки то замони баргузории он даҳ моҳ боқӣ мондааст, таваҷҷӯҳ кардаанд: “Умуман, ба назар мерасад, ки мардум як каме аз интихоботҳо ноумедиҳо доранд ва онҳоро тақрибан ғайришаффоф медонанд. Вале мо талош карда истодаем, ки дар ин вохӯриҳо уммеди мардумро ба оянда, бахусус, ба интихобтҳо зинда гардонем. Чун ноумедӣ нисбат ба интихоботҳо воқеан мушкил аст. Ва ноумедӣ аз интихоботҳо ин ноумедӣ аз оянда, ноумедӣ аз давлат ва миллат аст”.

Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки дидори вай бо интихобкунандаҳо дар баъзе аз навоҳӣ ба осонӣ сурат намегирад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ваҳдат барои баргузории мулоқоташ бо интихобкунандаҳо дар ин ноҳия монеъ шудаанд. Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи равобити байнулмилалӣ дар Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, дидори ӯ дар навоҳии Панҷакенту Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ бидуни мушкил пушти сар шуд, аммо аксар интихобкунандаҳо дар сӯҳбат бо ӯ аз татбиқи қонуни нави дин изҳори нороҳатӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, шарҳи нодурусти ин қонун нофаҳмиҳоеро дар миёни сокинон ба бор овардааст, аз ҷумла дар бораи таълими динӣ гирифтани наврасон: “Аз ман суол карданд, ки оё баъди тасдиқи ин қонун бачаҳои мо то сини 18 наметавонанд ба масҷид раванд? Маълум мешавад, ки ҳамин қонунро нодуруст ба мардум шарҳ додаанд. Ба онҳо гуфтам, ки аз ҳафтсолагӣ то ҳаждаҳсолагӣ метавонанд бо таълими динӣ фаро гирифта шаванд, аммо дар сурате ки падару модарашон иҷозаи хаттӣ диҳанд”.

Муҳиддин Кабирӣ ҳам мегӯяд, мавзӯъи қонуни нави дин ва гирифтани таълимоти динӣ яке дигар аз мавзӯъи баҳсбарангези сӯҳбатҳои ӯ бо интихобкунандагон будааст. Аммо Маҳмад Раҳимов, вакили мардумӣ, мегӯяд, аксари интихобкунандаҳо бо ӯ мавзӯи нафақа ва синни нафақагирон дар Тоҷикистонро дар миён гузоштаанд. Бо ин вуҷуд, аксар интихобкуннадаҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, мушкили бебарқӣ, бемактабӣ ва набудани ҷойи кор аз мушкили умдаест, ки мехоҳанд бо вакилони мардумӣ дар миён гузоранд. Вакилоне, ки ба гуфтаи онҳо ҳатто ба сахтӣ наметавон пайдо кард. Вале вакилони мардумӣ мегӯянд, омодаанд, ки бидуни мушкил интихобкунандаҳои худро қабул ва дарди дили онҳоро бишнаванд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон аз парлумон ба унвони як органи ғайримустақил ном мебаранд ва мегӯянд, ин ниҳод танҳо қонун ва қарорҳоеро, ки дастгоҳи раёстҷумҳурӣ мефиристад, қабул мекунаду тамом.
XS
SM
MD
LG